Чанд садамаҳои маргбор дар як рӯз

Тавре ВКД хабар медиҳад, 6-уми марти соли 2021, тахминан соати 20:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Солиев Бороналӣ Убайдуллоевич, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови ш.Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Норак-Ваҳдат», дар ҳудуди деҳаи Элоки шаҳри маҳкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, ки дар канори рости роҳ гузошта шуда буд, бармехурад.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Солиев Б.У. ва мусофираш, Сидиқов Рамазон Абдулфайзович, соли таваллудаш 2000, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилов, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, 6-уми марти соли 2021, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Фаёзӣ Афзал Азалзода, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок» дар ҳудуди деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба бетони муҳофизати болои пули сойи деҳаи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Фаёзӣ А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Мусофирони автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ҷалилова Истанбону Абдуҷабборовна, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, Ҳакимова Мафтуна Абдувалиевна, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, Фаёзӣ Малика Валиевна, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Хуҷанда ва 2-фарзанди хурдсолаш Фаёзова Раъно Афзаловна, соли таваллудаш 2015, Фаёзова Ҳанифа Афзаловна, соли таваллудаш 2017, истиқоматкунандагони суроғаи дар боло зикр шуда, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 6-уми марти соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ренҷ-Ровер Спорт», Мирзоев Муҳсин Шарифович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамен, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Дэу-Дамас», таҳти идораи Раҳимов Умедҷон Абдуғаниевич, соли таваллудаш 1975, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев, ки дар як самт ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи «Дэу Дамас» Қулдошева Муҳайё Сайдуллоевна, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ронандаи автомашинаи «Дэу Дамас» Раҳимов У.А. ва мусофираш, Нормаҳмадова Оиша, соли таваллудаш 1947, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *