Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

COVID-19 роҳи 3 ҳазор муҳоҷирони Тоҷикистону Узбекистонро баст

Муҳоҷир ҳар куҷо равад мушкилот пешорӯяш меояд.Ин дафъа пулиси аз ҳама сахтарин дар ҷаҳон COVID-19 садди роҳи муҳоҷирон шуд.

Маҳдудиятҳои COVID-19 ҳудуди 3 ҳазор муҳоҷирони кории Тоҷикистону Узбекистон дар ҷумҳурии Абхозистон банд мондаанд.

Хабаргузории русии Интерфакс менависад, Рамин Габлай, раҳбари Хадамоти давлатии муҳоҷирати Абхозистон гуфтааст, тоҷикону узбекҳо бо сабаби баста будани марз имкони бозгашт ба ватанҳояшонро надоранд. Абхозистон соли 2008 аз ҳудуди Гурҷистон ҷудо шуд ва худро кишвари мустақил эълон кард, вале аксар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон истиқлолияти онро ба расмият намешиносад. Бо ин вуҷуд, барои садҳо шаҳрвандони ҷӯёи кори Тоҷикистон Абхозистони рӯ ба Русия як минтақаи дигаре барои кору даромад шудааст.

Соли ҷорӣ сафорати Тоҷикистон дар Русия даҳҳо муҳоҷири тоҷикро аз ҳудуди Абхозистон берун карда, барои бозгашташон ба Тоҷикистон кӯмак намуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.