Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Ҳисор боз як ноболиғ мавриди таҷовуз қарор гирифт

Ба зидди ҷавоне, ки ба писари ноболиғе дастдарозӣ кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Як марди ҳисориро бо гуноҳи таҷовузи як писарбачаи ноболиғ боздошт кардаанд. Мақомоти маҳаллӣ дар шаҳр гуфтанд, ки ҳодиса тақрибан 10 рӯз қабл дар Турсунзода рух додааст.

Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор рӯзи 11-уми феврал гуфтааст, ба зидди ҷавоне, ки ба писари ноболиғе дастдарозӣ кард, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишотро прокурори шаҳр идома медиҳад. Ин мард ҳоло дар боздошт қарор доштааст.

Чунин ҳодисаи дастдарозӣ ба ноболиғ қаблан низ дар ин ҷо дида шуда буд ва бо гуноҳи дастдарозӣ ва ҳомила кардани як духтари 12 сола мардеро боздошт намуданду баъд аз толори суд “дар асоси қонуни авф” озодаш карданд.

Ин ҳодиса дар матбуот баҳси зиёдеро ба миён овард ва ҳоло парвандаи мазкурро Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.

Суд дар Ҳисор таҷовузкори ноболиғро афв кард


Моҳе пеш як гурӯҳ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Президент ва раҳбарони ду палатаи парлумон хостанд, ки ҷазоро барои озори ҷинсии ноболиғон сахттар кунанд. Дар зери муроҷиатнома 54 созмону шахсони алоҳида имзо гузошта буданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Мархабо Болтаева 12.02.2021 11:48

    Ман хамина мегум ки хамин хил мардоя хукм теят ки динар аз махбаз наброд мурда бравад. Барри онки мана худаманд фарзанда нест дигар модарона осон намидорам бахшиши Ман

  2. Ниссо Маликзода 13.02.2021 00:46

    Хукми катл дода шавад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.