Дар арафаи иди Қурбон 4 ҳамсинф қурбонии садама шуданд

Дар садамаи субҳи 19 июл дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб дар наздикии Норак 4 нафар ҷон бохтаанд, на балки 2 нафар, чи тавре ки ВКД хабар додааст.
“Дар мошини “Мерседес Спринтер” 5 ҳамсинф аз Душанбе сафар доштанд.
Дар натиҷаи садама ронандаи “Спринтер” ва ду ҳамсинфаш, ки ҳамаашон аз 23 то 24 сол доштанд, дар ҷои садама ба ҳалокат расида, ду ҳамсинфи дигари онҳоро дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ кардаанд. Ронандаи “Опел Астра” низ ҳалок шудааст”, – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Маркази матбуоти ВКД қаблан хабар дод, ки рӯзи 19 июл, дар арафаи иди саиди Қурбон дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб ду садамаи марговар рух додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *