Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар як рӯз ду бозори Тоҷикистон ба коми оташ рафт

23 нафар кормандони ҳамин ошхона, ки 15 нафари онҳо зан ва 8 нафари дигар мардон мебошанд, бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда шуданд.

Бозори шаҳри Панҷакент бегоҳии 25-уми январ ба коми оташ рафт.Тавре шоҳидони ҳодиса ба Pressa.tj хабар доданд, ин бозор дар рӯ ба рӯи масҷиди марказии шаҳри Панҷакент ҷойгир аст.

Қаблан дар ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе бозори «Султони Кабир»ҳам сӯхта буд.

Дар натиҷаи сӯхтори Панҷакент чандин нафар фурӯшандагон ҳангоми талоши гирифтани молу колояшон сӯхтаанд. Ҳарчанд корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз фавти чанд тан сокинони шаҳр ном мебаранд, аммо як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент гуфт, ки касе нафавтидааст.

“Танҳо чанд фурӯшанда аз сӯхтор зарар дидаанд. Осебдидагон дар бемористон зери назорати табибон қарор доранд. Аслан сӯхтор дар ошхонаи назди бозор сар задааст. Балони газ, ки дар ошхона истода мешуд, таркиш додааст”. Манбаъ мегӯяд, ки корҳои бартарафкунӣ аз сӯхтор сар шудааст.

Ниҳодҳои марбута, аз ҷумла Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сӯхтор дар шаҳри Панҷакентро тасдиқ карда, чунин иттилоъ додаанд:

”Бино ба иттилои бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷекат рӯзӣ 25 январи соли равон бар асари таркиши як баллони гази моеъ дар ошхонаи Самарқанд воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 157-и шаҳр 23 нафар кормандони ҳамин ошхона, ки 15 нафари онҳо зан ва 8 нафари дигар мардон мебошанд, бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда шуданд.

Ҳоли се нафар занон, ки аз 21 то 42 сол доранд ва ду нафар аз ҷумлаи мардон, ки ҳарду ҳам 27-солаанд вазнин гузориш шудааст.
Дар Шӯъбаи эҳёгарӣ се зани аз 37 то 72-сола бистарианд, ки табибон ҳоли онҳоро ҳам чандон хуб арзёбӣ намекунанд.
Вазъи саломатии 9 зан ва ва 5 мардро вазнини миёна арзёбӣ кардаанд.

Аз миёни ин ҳама танҳо як ҷавони 21-сола баъди муоинаи тиббӣ ҷавоб дода шуда, боқӣ ҳамоно дар бемористон таҳти назорати духтурон қарор доранд”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.