Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даргузашти ҳунарманди театри “Аҳорун” Аҳлиддин Шарипов

Ӯ одами зиндадил ва якрӯй буд. Аҳлиддин аз одамҳои дурӯя набуд. Нақши Аҳлиддин дар театр ғайриодӣ буд, нақше, ки танҳо ӯ бозӣ карда метавонист

Ҳунарманди шинохтаи театри “Аҳорун” Аҳлиддин Шарипов даргузашт
Ба гуфтаи наздикони марҳум, Аҳлиддин Шарипов, ки 60-сола буд, бар асари фишорбаландӣ вафот кардааст.
Маросими ҷанозаи ҳунарманд, баъди намози пешини дирӯз, 30 март дар масҷиди воқеъ дар маҳаллаи километри нуҳуми шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Аз театри “Аҳорун” гуфатанд, ки ӯ дирӯз то бегоҳ дар кор буд ва субҳи имрӯз наздиконаш занг задаву гуфтанд, ки бар асари фишорбаландӣ даргузашт.
Сабоҳат Қосимова, мудири театри “Аҳорун” гуфт, ки ҳунари Аҳлиддин Шарипов худодод буд.
“Ӯ одами зиндадил ва якрӯй буд. Аҳлиддин аз одамҳои дурӯя набуд. Нақши Аҳлиддин дар театр ғайриодӣ буд, нақше, ки танҳо ӯ бозӣ карда метавонист”, – изҳор доштааст бо таассуф Сабоҳат Қосимова.

Аҳлиддин Шарипов бештар аз 40 соли умри худро дар театр гузарондааст. Ӯ дар намоишҳои “Юсуфи гумгашта боз ояд” “Хари Даҷҷол” ва намоишҳои Фаррух Қоим нақшҳои мондагоре офарида буд. Ҳамчунин яке аз ёрони бунёдгузори театри “Аҳорун” коргардон ва ҳунарманди пуровоза Фаррух Қосим буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.