Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даргузашти академик Зафар Усмонов

Математики  барҷастаи тоҷик Зафар Усмонов, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, муаллифи нахустин барномаи тафтиши имлои тоҷикӣ барои барномаи Microsoft Office ва дигар барномаҳои компютерӣ, рӯзи 13 октябр дар синни 84 аз олам чашм пӯшид.

Усмонов Зафар Ҷӯраевич 27 августи соли 1937 дар шаҳри Сталинобод дар хонаводаи таърихшинос ва рӯзноманигори шинохта — Ҷӯра Усмонов ва ходими ҳизбӣ — Ҳамро Аҳророва ба дунё омадааст. Бародари ӯ Пӯлод Усмонов (1935-2002) ҳам олими шинохтаи тоҷик дар илми биология  эътироф шуда, низ сазовони унвони баланди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шудааст.

Зафар Усмонов; соли 1954 ;мактаби миёнаи № 1 шаҳри Душанбе ва соли 1959 бахши механикаи факултети механикаю математикаи Донишгохи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносовро бо баҳои аъло хатм кардааст.

            Зафар Усмонов соли 1959 пас аз хатми донишгоҳ ба аспирантураи Шӯъбаи механикаи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов таҳсил намуда, аввал таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ИҶШС — Николай Четаев дар бораи устувории ҳаракат, баъдан таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ИҶШС, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ — Дмитрий Охотсимский роҷеъ ба масъалаҳои траекторияи оптималии гузариш байни орбитаҳои кайҳонӣ кор бурдааст.

Зафар Усмонов дар мақомҳои сардори Маркази ҳисоббарории АИ ҶШС Тоҷикистон (1976—1984), академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физикаву математика ва геологияю химия АИ ҶШС Тоҷикистон (1984—1988) кор карда, аз соли1988 то 1999 раҳбари Институти математикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва аз соли 1999 то охири умр мудири Шӯъбаи моделсозии математикии ин пажуҳишгоҳ буд.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии Зафар Усмонов  системаҳои ҷамъбастии сингулярии Коши-Риман, геометрия, моделсозии математикӣ, автоматисозии коркарди иттилоот ба забони тоҷикӣ мебошад

Программирование состояний коллекции, — Москва.: Наука, 1983, — 124 с. (Библиотечка программиста, соавтор Т. И. Хаитов

Периоды, ритмы и циклы в природе, Справочник, Душанбе, Дониш, 1990. — 151 с. (соавторы Ю. И. Горелов, л. И.Сапова

Моделирование времени, — Москва.: Знание,1991, — 48 с. (Новое в жизни, науке, технике. Серия Математика, кибернетика).

Обобщенные системы Коши-Римана с сингулярной точкой, Матем. институт с ВЦ АН РТ, — Душанбе, 1993, — 244 с

Generalized Cauchy-Riemann systems with a singular point, Addison Wesley Longman Ltd., Harlow, England, 1997, —222 p. (Pitman Monographs and Survey in Pure and Applied Mathematics).

Опыт компьютерного синтеза таджикской речи по тексту, Технологический университет Таджикистана, — Душанбе, Ирфон, 2010. — 146 с. (соавтор Х. А. Худойбердиев)

Проблема раскладки символов на компьютерной клавиатуре. Технологический университет Таджикистана, — Душанбе: «Ирфон», 2010. — 104 с. (соавтор О. М. Солиев

Формирование базы морфов таджикского языка. Душанбе, 2014. — 110 с. (соавтор Г. М. Довудов)

Морфологический анализ словоформ таджикского языка.. Душанбе: «Дониш», 2015. — 132 с. (соавтор Г. М. Довудов) ва диг.

Унвонҳои илмӣ

профессори кафедраи «математикаи амалӣ»-и ДДТ

профессори филиали дар Волжский будаи Институти энергетикаи Москва

академики АФ Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «математика».

Нишону медалҳо

медали «Барои хизмати шоиста. Ба муносибати 100-солагии В. И. Ленин»;

Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои олии РСС Тоҷикистон;

нишони фахрии ВЛКСМ ба муносибати 70-солагии комсомоли Ленинӣ;

нишони Кумитаи варзиш ва маданияти назди Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон «Ветеран физкультуры и спорта Таджикской ССР»

Собиқадори меҳнати Федератсияи Руссия (1998)

Зафар Усмонов барои силсилаи корҳо: «Системаҳои умумикардашудаи Коши-Риман бо нуқтаи сингулярӣ ва татбиқи онҳо дар геометрияи кулл» (бо забони русӣ) барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соли 2013 шудааст.(2013)

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.