Даргузашти Хайём, бонкдори намоён ва писари олим

Бонкдори шинохтаи тоҷик, Хайём Худойдодов ки дар мақомҳои роҳбарӣ «Эсхата», «Тоҷпромбонк» ва «Оксус» фаъолият дошт, дар синни 39-солагӣ даргузашт.
Хайё писари адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Аъзам Худойдодов буд.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Худойдодов, ки бояд 13-уми декабри соли равон 40-сола мешуд, аллакай дар мақомҳои роҳбарӣ дар чанд созмони молиявӣ кор карда, даҳҳо шогирд тарбия намудаст.

Хайём Худойдодов хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодчӣ буда, муддате дар Русия фаъолият дошт ва баъдан ба Ватан баргашта ба кор дар ташкилотҳои қарзӣ оғоз намуд. Ӯ дар мақомҳои роҳбарӣ дар “Тоҷикпромбонк” ва “Эсхата” фаъолият доштааст.
Солҳои охир дар мақоми мушовири калони ташкилоти хориҷии Микро Капитал Консалтинг ва муовини директори генералии Ташкилоти қарзии “Оксус”-и Тоҷикистон кор кардааст. Ташкилоти “Оксус” низ бо нашри як иттилоия даргузашти Хайём Худойдодовро талафоти бузург хондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *