Даргузашти Марадона

Ситораи ҷаҳонии футбол, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1986, Диего Марадонаи дар синни 61 — сола аз олам гузашт

Ассосиатсияи футболи Аргентина дар Twitter хабари даргузашти ситораи ҷаҳонии футболро тасдиқ намуд. Бар хабари TN, санаи 30 — юми октябр Марадонаро барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба бемористон оварда буданд, зеро ӯ қаблан ҷарроҳии мағзи сар шуда буд.Манбаъ меафзояд, Марадона рӯзи 12 уми декабр пас аз ҷарроҳии мағзи сар, аз дармонгоҳ мураххас шуда буд.Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи Perfil сабаби марги ситораи ҷаҳониро, аз тапидан бозмондани қалбаш рабт медиҳад. Ин манбаъ меафзояд, ки фишори хуни Марадона ба якборагӣ пас шуд ва пизишкони Ёрии таъҷилӣ натавонистанд ӯро аз чанголи марг раҳонанд.Дар робита ба даргузашти Марадона, президенти  Аргентина Алберто Фернандес дар қаламрави кишвараш се рӯзи мотам  эълон намуд.Диего Армандо Марадона 30 октябри соли 1960 таваллуд шудааст. Дар синни 10 солагӣ ба тими наврасони «Лос Себолитас» пайваст.Аз соли 1977 Диего ба ҳайати тими миллӣ шомил гардид.Бозии охирони Марадона бо тими «Ривер Плейта» санаи 25 октябри соли 1997 сурат гирифта буд. Пас аз ин бозӣ, санаи 30 — юми октябр ситораи футбол аз анҷоми «карера»- и худ хабар дод.Ӯ аз соли 2008 то 2010 мураббии тими миллии Аргентина буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *