Даъвои журналист фаъолияти клуби шабонаи “Абрикол”-ро боз дошт

Бо даъвои пайи ҳам ва пофишориҳои зиёд аз ҷониби собиқ хабарнигори ҳафтаномаи “Нигоҳ” Эраҷ Холов дар робита ба фаъолияти нодурусти тарабхонаи “Абрикол” фаъолияти ин тарабхона муваққатан манъ карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Тавре манбаъ хабар медиҳад Эраҷ Холов 14 феврали соли 2020 зимни нишасти матбуотӣ  ба Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки чандин маротиба ба телефони боварии Вазир бо шумораи 221-21-21 занг зада, оид ба фаъолияти шабонарӯзии тарабхонаи «Абрикол» шикоят намудааст.

Санҷишҳо нишон дод, ки дар ҳақиқат муроҷиати Э.Холов қаблан ба қайд гирифта шуда, нисбат ба  маъмурияти тарабхонаи «Абрикол» ҷазои маъмурӣ пешбинӣ гардида, оид  ба  риоя кардани реҷаи корӣ огоҳонида шудаанд. Вале маъмурияти тарабхона чора надида, ин кирдорҳоро идома додаанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *