Девори мадрасаи Бухоро фурӯ рехт

Барои барқарор кардани девор гурӯҳи корӣ аз ҳисоби Агентии ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҳокимияти Бухоро ва сохтмончиён ташкил карда шудааст
Дар Бухоро қисми аз девори мадрасаи Абдуллохон фурӯ рехт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Бухоро.

Тибқи иттилои ҳокимият, сабаби чаппа шудани девор, пастшавии ҳарорат, боришот ва болоравии обҳои зеризаминӣ шудааст.

Иттило дода мешавад, ки пас аз ҳодиса гурӯҳи кории махсус иборат аз намояндагони маъмурияти минтақавии Агентии мероси фарҳангӣ, ҳокимияти Бухоро ва инчунин барқароркунандагон ташкил карда шуд.

Мутахассисони баландихтисос ба маҳалли ҳодиса рафта, тадқиқоти мувофиқ гузарониданд. Феълан онҳо ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ шурӯъ кардаанд.
Ожонсии минтақавии мероси фарҳангии Бухоро ба Sputnik Ӯзбекистон гуфт, ки барои тармими девор қариб шаш миллиард сӯм (беш аз 562 ҳазор доллар) харҷ мешавад.

Илова бар ин, бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо дар оянда, олимон аллакай тақрибан 40 объекти фарҳангии Бухороро, ки ба таъсири равандҳои сунъӣ дучор шудаанд, таҳқиқ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *