Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дилам аз ғусса лабрез гашт…

25 рӯз зери дастгоҳи нафаскашӣ: даргузашти боз як табиби тоҷик Назокат Бузрукова
Ин бонуи пурназокат ва ҳалиму меҳрубон ҳудуди як моҳ дар шӯъбаи бемориҳои сироятии бемористони рақами 3-уми шаҳри Душанбе маъруф ба «1-ум Советский» бистарӣ буд
Назокат Бузрукова яке аз табибиони шинохтаи тоҷик, номзади илмҳои тиббӣ, неонатолог (табиби кӯдакон), устоди Донишгоҳи тиббӣ пас аз беморӣ ин олами пуртаҳлукаро падруд гуфт. Дар ин бора наздикони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
«Субҳи имрӯз дотсенти кафедраи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, неонатолог, номзади илмҳои тиббӣ Бузрукова Назокат Ҷалоловна даргузаштанд. Ба наздиконашон сабр мехоҳам. Ӯ то абад дар қалбҳои мо хоҳад монд», — менависад корбари гурӯҳи «Пизишкони Тоҷикистон» дар Facebook.
Ҳамчунин тавре манбаи Sputnik Тоҷикистон хабар дод, Назокат Бузрукова як моҳ пеш дар пайи гирифторӣ ба бемории коронаиврус ба дар шӯъбаи бемориҳои сироятии бемористони рақами 3-уми шаҳри Душанбе маъруф ба «1-ум Советский» бистарӣ шуда будааст.
«25 рӯзи ахир ҳолашон ваҳим буд ва зери дастгоҳи нафаскашӣ қарор доштанд», — афзуд вай.
Назокат Бузрукова дотсенти кафедраи неонатологияи ДДТТ, узви Шӯрои марказии илмӣ ва методии донишкада, мушовирони шӯъбаи будубоши муштараки «Модар ва кӯдак-2» -и таваллудхонаи шаҳрии №3 буд.
Ӯ дар умум 40 сол собиқаи корӣ дар соҳаи тибб дошт, ки аз он 34 солашро дар соҳаи таълими соҳа сарф кардааст.
Назокат Бузрукова ҳамагӣ 67 сол дошт. Соли гузашта айнан дар ҳамин моҳ ҷияни Назокат Бузрукова, табиби шинохта Шоира Бузрукова ва аз бемории корнавирус даргузашта буд .

Шоира Бузрукова, сартабиби таваллудхонаи вилоятии Суғд, номзади илмҳои тиб вакили мардумӣ дар Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Хуҷанд буд.
Мо ба аҳли хонаводаи онҳо ва ёру пайвандонашон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонем. Худованд охираташонро ободу манзилашонро бо нури имон мунаввар гардонад!!!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.