Директори ТУТ: Сайёраи Замин бо 45 миллиард доллар эм карда мешавад

Мубориза бо пандемияи коронавирусро танҳо роҳбарони кишварҳои G7 ҳал карда метавонанд

Директори генералии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) Тедрос Аданом Гебресиес арзиши эмгузарониро алайҳи коронавирус барои аҳолии калонсоли сайёра муайян кард. Ба гуфтаи ӯ, барои эмгузаронии аксарияти аҳолии калонсоли ҷаҳон аз 35 то 45 миллиард доллар лозим аст. Вай таъкид кард, ки ТУТ барои маблағгузории барномаи байналмилалии ACT Accelerator, ки барои мубориза бо пандемияи COVID-19 оғоз ёфта буд, илова ба 19 миллиард доллари зарурӣ ба ин маблағ ниёз хоҳад дошт. Гебрейесус мӯътақид аст, ки мушкилоти маблағгузории барномаҳои ҷаҳонии эмгузаронӣ ва мубориза бо пандемияи коронавирусро танҳо роҳбарони кишварҳои G7 ҳал карда метавонанд, ки метавонанд қисмати зиёди маблағи заруриро барои суръат бахшидан ба маъракаи ваксинатсиякунӣ дар ҷаҳон ҷудо кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *