Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дона Набиев ба Бобозода муроҷиат накардааст

«Набиеве, ки шумо мегӯед, ба мо муроҷиат накардааст. Ман ростӣ гап, ҳозир аз ҳамкоронам пурсидам, ки кист вай иттилое надорам ва чизе гуфта наметавонам»

Омбудсмени тоҷик Умед Бобозода пас аз саволҳои пай дар пайи рӯзноманигорон дар рафти нишасти матбуотӣ оид ба қазияи зиндони як пирамард Дона Набиеви 81-сола гуфт, «ӯро намешиносад».
Саволи намояндагони расонаҳо дар бораи он буд, ки то куҷо қазияи пирамард ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон рост меояд, аммо посухи ваколатдор ва муовинаш хело норӯшан садо дод.
Тавре дар нишаст гуфта шуд, ки Дона Набиев ба омбудсмен муроҷиат накарда будааст. “Одатан мо пас аз муроҷиати нафаре ба таҳқиқи қазия шурӯъ мекунем” гуфта шуд дар нишаст.
«Набиеве, ки шумо мегӯед, ба мо муроҷиат накардааст. Ман ростӣ гап, ҳозир аз ҳамкоронам пурсидам, ки кист вай иттилое надорам ва чизе гуфта наметавонам», — қайд кард Бобозода. Ёдовар мешавем,ки нисбати ӯ, суди ноҳияи Рудакӣ дар асоси моддаи 3073 қ. 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-ифротгароӣ) ба муддати 7 сол ҳукми зиндон баровард
Ба гуфти Бобозода, дар мавриди шиканҷа дар соли 2020 ба онҳо ҳафт муроҷиат шуда буд, ки аз он як ҳолати муносибатҳои ғайриқонунӣ тасдиқ шуд ва онҳо барои баррасии он ба мақомоти дахлдор муроҷиат карданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.