Довталабон бояд то 5 август ба муассисаҳои олӣ ҳозир шаванд

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ комёб гардидаанд, бояд то 5-уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳозир шаванд. Дар сурати наомадан, довлаталаб аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад.

Дар ин бора Ромиш Неъматзода, намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба Pressa.tj хабар дод. Зимнан, номбурда иттилоъ дод, ки 24-уми июли соли 2020 натиҷаи озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон эълон карда шуд.

“Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ комёб гардидаанд, бояд то 5-уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати то 5 уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дохилшудааш ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накардан, довталаб аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад. Ҷойҳои аз ин ҳисоб холимонда дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод карда мешаванд”-гуфт, Ромиш Неъматзода.

Ромиш Неъматзода мегӯяд, довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардидаанд, ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ доранд. Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Соли ҷорӣ бори аввал ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида ҷиҳати иштирок дар озмуни азнавбақайдгирӣ дар бораи кадом рӯз дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуданашон паёмак (SMS) фиристода мешавад.

Ба гуфтаи номбурда, низоми ИМД дар фаъолияти амалии ҳафтсолаи худ нишон дод, ки он низоми устувору боэътимод буда, дар тамоми раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур шаффофияту адолат ва дастрасии баробар таъмин гардида, бовари ҷомеа нисбат ба ин имтиҳонҳо хеле зиёд аст. Новобаста аз ин, ҳамасола Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муроҷиатномаи махсуси худ қабл аз оғози имтиҳонҳо довталабон, падару модари онҳо ва тамоми алоқамандони ИМД-ро огоҳ менамояд, ки ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабон воқеӣ арзёбӣ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дахолати инсонӣ ва тақаллуб дар ИМД ҷой надошта ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон таъсире расонида наметавонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *