Газ боз қиммат мешавад. Чаро?

Қариб ба 65 дарсади нақлиёти Тоҷикистон бо гази моеъ фаъолият мекунанд ва хонаводаҳо низ барои пухти ғизо аз ин навъи сӯхт истифода мекунанд.

«Парс тудей» хабар додааст,ки шояд дар Тоҷикистон нархи гази моеъ боз ҳам боло равад.
Сабаби ин, гӯё бозсозии таҷҳизотӣ ва таваққуфи муваққати фаъолияти яке аз бузургтарин полоишгоҳҳои гази Қазоқистон будааст.
«Ин полоишгоҳ дар шаҳри Атирауии Қазоқистон аз бузургтарин полоишгоҳҳои гази ин кишвар ба шумор меравад, ки фаъолияти он ба далели бозсозии таҷҳизотӣ ба таври муваққат қатъ шудааст», — менависад «Парс тудей» .
Тоҷикистон 90 дарсад аз гази моеъи мавриди ниёзи худро аз тариқи роҳи оҳан аз Қазоқистон ворид мекунад.
Дар соли 2020 Тоҷииктсон аз хориҷ 420 ҳазор тон гази моеъ ворид кард, ки 90 дарсади он аз Қазоқистон таъмин буд.
Наздик ба 65 дарсади васоили нақлияи Тоҷикистон бо гази моеъ фаъолият мекунанд ва хонаводаҳо низ барои пухти ғизо аз ин навъи сӯхт истифода мекунанд.
Ҳоло арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон 4,4 сомонӣ барои як литр аст.
Дар ҳамин ҳол, ду ҳафтаи ахир дигар маводи сӯхт, аз ҷумла бензину солярка боло меравад. Ба гуфтаи сокинон, нархи ин моводи сӯхт ҳамарӯза дар кишвар 10-20-дирамӣ гаронтар мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *