Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Гумрук: 29 корманди собиқадорашро аз кор ронд

Гузаштан аз аттестатсия  имсол дар Раёсати гумруки вилояти Суғд нишондиҳандаи рекордӣ гузошт. Зеро танҳо аз мақомоти зикршуда 29-нафар аз аттестатсия  нагузаштанд ва аз кор сабукдӯш карда шуданд.

 Бино ба гуфти сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, полковники хадамоти гумрук Исматуллозода Баҳром Абдуғаффор нафароне, ки аз имтиҳони тахассусӣ нагузаштанд 20 то 30 соли собиқаи корӣ дар соҳаи гумрук доштанд, ки  аз сардори гумруку дидбонгоҳ то коргари қаторӣ кор мекарданд.

Дар аттестатсияи ғайринавбатӣ то кадом дараҷаи дониши касбӣ доштани кормандони соҳаи муайян карда шуд. Дар баробари ихроҷи 29 кормандони гумрук аз кор, инчунин 12 кормандони дигари ин сохтор муҷозот шудаанд. Ба гуфти Исматуллозода сабаби муҷозоти кормандонаш аксаран риоя накардани интизоми меҳнат будааст.

Минбаъд барои баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии кормандони Раёсати гумрук дар вилоят ҳар рӯзи чоршанбе дарси тахассусӣ бо  иштироки кормандони сохторҳои гуногун гузаронида мешавад, то савияи дониши касбии кормандон баланд бардоштан шуда, дар аттсестатсияҳои  навбатӣ мисли 29 ҳамкори “собиқадорашон” аз кор ронда нашаванд.

Фарзона Муродӣ 

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.