Хатсайри нав дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе аз 24-уми январи соли равон хатсайри нави мусофирбари №33 (Фурудгоҳи кӯҳна – маҷмааи савдои «Кӯшониён») ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар дод.

Гуфта мешавад, ки хатгардҳои хатсайри нави пойтахт автобусҳои муосири тамғаи «АКИА» буда, тавассути хиёбону кӯчаҳои Мирзо Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Дӯстии халқҳо, Мирзо Турсунзода, Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ ба соконону меҳмонони шаҳр хизмат мерасонанд.

Зимнан, шурӯъ аз 8 январ дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе хатсайри нави автобусии №20 ба роҳ монда шуда буд, ки аз маҳаллаи Пахтакор — собиқ мағозаи «Волга» (ДОК) ба фаъолият оғоз менамояд. Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбону кӯчаҳои Борбад, Шестопалов, Н.Қарабоев, С.Шерозӣ, Ҷ.Икромӣ, Бухоро, М.Турсунзода, Беҳзод, Д.Халқҳо ва С.Айнӣ ҳаракат мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.