Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Холиқзода эми Astra Zeneca гирифт, чаро?

Мудири Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода алайҳи маризии коронавирус эм гирифт. Дар ҳоле, ки ӯ қаблан ба шитобкорӣ роҳ надодан дар ин масъала даъват намуда буд.
Хабари ваксин гирифтанро худи Холиқзода дар сафҳаи Фейсбукияш гузошта шарҳ дод, ки чаро ӯ бо AstraZeneca эм шуд.
Саббаи ваксингирии худро ӯ чунин шарҳ додааст: Аввалан, ин ваксин ба онҳо ворид шуда, барои тамоми кормандон басандагӣ кард.
Омили дуввум ин аст, ки и антител – подтанҳои ӯ ба маротиб коҳиш ёфтанд.
Ҳамчунин,Холиқзода хулосабарории коршиносони ғарбро иқтибос овардааст, ки гӯё оризаҳои эмкунӣ дар муқоиса ба оризаҳое, ки ин беморӣ ба вуҷуд меорад, бамаротиб заифанд.
Холиқзода ҳамзамон таъкид намуд, ки эмгузаронӣ ягона роҳест, ки аз ин маризӣ метавон ҷилавгирӣ кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.