Хонаи нав муборак бошаде!!!

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, 1700 маҳбусро аз зиндони рақами як дар маркази Душанбе ба маҳбаси нав дар шаҳри Ваҳдат кӯчондаанд. Як намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ (Идораи зиндонҳо) 27-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, «онҳо рӯзи якшанбеи гузашта, 25-уми июл, ҷобаҷо шуданд.»

«Шароити маҳбаси нав беҳтар аст. Агар дар маҳбаси аввал дар як утоқ то 80 нафар нигоҳ дошта мешуданд, дар ҳуҷраҳои маҳбаси нав 10-нафарӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Шароити хобу ошхонаву муҳити дигар низ беҳтар аст», — илова кард ӯ.

Маҳбаси нав дар канори роҳи Душанбе – Ваҳдат, дар 15 километрии маркази пойтахт, ҷойгир аст, вале хабарнигорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ онро надидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *