Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кӯмаки Расул Боқиев ба муҳоҷирон

Расул Боқиев паҳлавони номвари тоҷик ва чемпиони бозиҳои олимпӣ, ки тарки кишвар кардаву дар Русия ба сар мебарад ба муҳоҷирони тоҷик пинҳонӣ кӯмак мекунад. Дар ин бора чанд манбаъ ба мо хабар дод.

Ёрмандии паҳлавон

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ тайи рузҳои охир дида мешавад, ки баъзе аз шаҳрвандони хайрхоҳ ва дорои тоҷик аз он ҷумла дар Русия ба муҳоҷироне, ки моҳҳост дар карантини хонагӣ қарор доранд ва бекор ҳастанд, ёрӣ мерасонанд.
Аммо Заррина Фирӯзова, як муҳоҷирзани тоҷик зимни тамос ба идораи мо аз саховатманде ҳарф зад, ки пинҳонӣ ба корҳои хайриявӣ машғул аст.
Заррина Фирӯзова гуфт ки дар як тарабхонаи шаҳри Маскав кор мекард ва бо хуруҷи пандемияи короновирус феълан дар карантини хонагӣ қарор дорад. Ӯ мегӯяд, ки дар як хона бо ҳамроҳи чанд нафар занони тоҷик истиқомат мекунад, ки вазъи саломатии баъзе аз онҳо хуб нест.
“Мо аз сабаби дар карантин қарор доштанамон натавонистем ба онҳо маводи доруворӣ харидорӣ кунем. Ба ҳамин хотир маҷбур шудем, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз нафарони хайрхоҳ кӯмак пурсем.
Баъд аз расонаӣ кардани аҳвали бади муҳоҷирзанон ба телефонам як нафар занг зада суроғаи манзиломонро пурсид, то бароямон доруворӣ биёрад. Суроғаро додам, баъд аз як соат ҳамон нафар занг зада хоҳиш намуд, ки баромада маводи дорувориро гирим. Чун дари хонаро кушодам дар ҳайрат мондам, зеро дар рӯ ба рӯям паҳлавони номдори тоҷик Расул Боқиев меистод. Ӯ дар баробари доруворӣ инчунин, моводи хӯрока ва як миқдор маблағ ба мо хайр кард” – гуфт Заррина Фирӯзова.
РАСУЛ БОҚИЕВ — паҳлавони шинохтаи кишвар дорандаи медали бозиҳои олимпии “Пекин-2008” мебошад. Ин варзишгари номдор шурӯъ аз соли 2011 то ин ҷониб дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад ва дар ин кишвар мактаби варзишӣ ташкил намуда, ба таълими гӯштини дзюдо машғул аст. Гуфтан ба маврид аст, ки Расул Боқиев аввалин дорандаи медали олимпӣ дар таърихи Истиқлолияти Тоҷикистон мебошад.

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. опввпорссп 14.05.2020 15:25

    сабабаш чи бошад ки тарки точикистон карда буд Расул бокиев

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.