Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Киштии зериобӣ ёфт шуд, аммо 53 баҳрнавард ҳалок гардиданд

Гурӯҳи ҷустуҷӯӣ дар қаъри баҳр, дар наздикии ҷазираи Бали Индонезия шикастапораҳои киштии зериобии “Нанггала 402”-ро, ки баҳри Бали нопадид шуда буд, ёфт. Ҳамаи аъзои экипаже, ки дар киштӣ буданд, ҳалок гардидаан, хабар медиҳад агентии Синхуа бо истинод ба низомиён. Дар киштӣ 53 нафар баҳрнавардон буданд ва ин киштии зериобӣ рӯзи 21 апрел аз радарҳо нопадид шуд. Пас аз ғайб задани киштӣ , ҷустуҷӯ оғоз ёфт. Индонезия аз Австралия ва Сингапур барои наҷоти он кумак хост. Ҳиндустон низ дар ҷустуҷӯ он ширкат варзид. Нанггала 402 яке аз панҷ киштии зериобии Индонезия буд. Пештар хабар дода шуд, ки Иёлоти Муттаҳида барои ҷустуҷӯи киштии зериобии Индонезия як ҳавопаймои махсус мефиристад. Мақомоти Индонезия тафсилоти нопадид шудани киштии зериобиро шарҳ доданд. Адмирал Юдо Маргоно изҳор дошт, ки киштӣ пеш аз нопадидшавӣ дар ҳолати хуб қарор дошт. Рӯзи 24 апрел дар он кислород тамом шуд. Дар Индонезия ҳамаи аъзои экипажи киштии зериобии гумшуда мурда эълон шуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.