Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Корманди андози ноҳияи Шоҳмансур бо ришва ба даст афтод

Маркази матбуоти Агентии зидди корупсия хабар медиҳад,ки Азиззода Рустам Азиз дар вазифаи мутахассиси Нозироти андози ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кор карда истода, санаи 12 июни соли 2020 аз шаҳрванд «А” барои тартиб додани санади муқоисавӣ ва минбаъд мусоидат намудан дар қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, маблағи 5000 сомонӣ ба сифати пора талаб намуда, аз ин маблағ 1250 сомониашро пешакӣ гирифта, овардани боқимонда маблағро талаб намуд.

Санаи 17 июни соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Азиззода Р.А. баъди аз шаҳрванд «А”гирифтани маблағи 1500 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Азиззода Р.А. бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди итмоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.