Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Made in Tajikistan: итсеҳсоли дучарха дар Бохтар

Дар шаҳри Бохтар корхонае ба фаъолият оғоз кард, ки дучарха (велосипед) истеҳсол мекунад. Ин коргоҳ аллакай дар панҷ шакл беш аз 1 ҳазор дучархаро ба хоҳишмандон пешниҳод кардааст.  

Расул Соҳибназаров, роҳбари ҶДММ “Сомон-Байк” мегӯяд, барои бунёди коргоҳ наздики 2 миллион сомонӣ ва барои воридоти таҷҳизот беш аз 1 миллион сомонӣ масраф шудааст. Ӯ афзуд, дар коргоҳ 50 дарсади дучарха истеҳсол шуда, боқимонда аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид мешавад. Бо бекор шудани маҳдудиятҳои марзӣ ва овардани таҷҳизоти дигар имкони истеҳсол дар коргоҳ то ҳаштод дарсад расонида хоҳад шуд,-афзуд вай.  Коргоҳи истеҳсоли дучарха ҳанӯз дар ин минтақаи кишвар собиқа надоштааст. 

   “Мо аз соли 2020 корро оғоз кардем. Паҳн шудани  коронавирус ва бастани марзҳо ба кори мо бетаъсир намонд. Дигар натавонистем маҳсулотро аз хориҷӣ кишвар ворид кунем. Бо кушода шудани марзҳо коргоҳ имкони истеҳсоли беш аз 100 дучарха дар як шабонарӯзро дорад. Феълан ду навъи дучарха бо дизайнери худи мо истеҳсол шудааст, ки сифатан хубанд. Мо тавонистем, ки дар муҳлати кутоҳ муштарии худро пайдо кунем. Зеро дар кишвар аз ҳама зиёд дар вилояти Хатлон аз дучарха истифода мекунанд”,-гуфт вай.

 Машраби Аловиддин

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Парвиз Хайрудозода 28.02.2021 21:51

    Нархаш чанд сомон

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.