Мамай: Моҷаро дар шарқи Украина — ҷанги “миёни бародарҳо”

Шаҳрдори Полтава Александр Мамай эълом дошт, ки моҷаро дар шарқи Украина ҷанги “миёни бародарҳо” ба шумор меравад ва ҳамзамон, муқовимати Русия ва ИМА. Чунин андешаро ӯ тариқи шабакаи телевизионии “Наш” иброз дошт.

Ба гуфтаи сиёсатшинос, “дар ҳудудҳои Украина ду абарқудрат меҷанганд — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия”. Ҳамчунин, ӯ илова намуд, ки ҷавонон, масалан донишҷӯёни кафедраи ҳарбии Донишгоҳи техникии Полтава, дар “суҳбатҳои ғайрирасмӣ” муқобили идоракунии берунаи Украина баромад мекунанд.

Мамай аз роҳи душманона пеш гирифтани аҳолӣ изҳори нигаронӣ кард. “Хеле аламовар аст, ки бародар зидди бародар мебарояд”,- гуфт ӯ.

Раҳбари Полтава инчунин аз зарари таҳримҳои иқтисодии аз ҷониби Украина ҷоригардида баъди соли 2014 шикоят кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.