Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Марги 17 ҳазор нафар дар як шабу рӯз

Дар давоми як шабонарӯзи охир дар ҷаҳон сабти рекордии фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар як рӯз аз COVID-19 зиёда аз 17 ҳазор нафар фавтиданд. Тибқи иттилои ситоди фаврӣ, ин баландтарин нишондиҳанда аз оғози пандемия мебошад. Дар Иёлоти Муттаҳида низ анти-рекорд сабт шудааст. Дар он ҷо дар як шабонарӯзи охир 4327 ҳазор нафар аз коронавирус фавтидаанд. Соли 2020 барои Бритониё низ соли рекордии фавти барзиёд буд. Соли гузашта дар кишвар тақрибан 697,000 нафар фавтиданд. Ин назар ба хисоби миёнаи панчсола такрибан 91 хазор нафар зиёд аст. Аз соли 1940 инҷониб чунин марги зиёд дар муддати кутоҳ дар ин кишвар набудааст.Хушбахтона, дар Тоҷикистон дар ин шабу рӯз ягон ҳолати фавт ва ё гирифторӣ ба коронавирус сабт нагардидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.