Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Метро зери об монду 12 нафар ба ҳалокат расид

Дар аксу наворе, ки мусофирони метро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд, маълум аст, ки то қафаси сина об онҳоро пахш намудааст
Дар Чин 12 нафар қурбони обхезӣ дар метро гардиданд, хабар медиҳад сомонае.

Офати табиӣ рӯзи 20 июл дар шаҳри Чженчжоу иттифоқ афтодааст. Пас аз як соати боронгариҳои шадид ҳаракати метро ба мушкил мувоҷеҳ шуд ва вагонҳо дар дохили нақб аз ҳаракат боз монданд.

Ҳарчанд кормандони метро тавонистанд 500 мусофирро аз дохили метрои бидуни ҳаракат берун кунанд, вале ҳамоно шумораи зиёди одамон дар дохили метрои пур аз об банд монданд.

Мусофирони дар даруни метро мондаро,то қафаси синашон об онҳоро иҳота намудааст.

Гуфта мешавад, корҳои наҷотдиҳӣ идома дорад ва маълум нест, ки замони обхезӣ дар дохили метро чӣ теъдод мардум қарор дошт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.