Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Модари Лоиқ: Шеър ҷойи туя намегирад!

Ёде аз модари шоир дар суҳбат бо ҳамсари устод Зебунисо Қутбидинова

Туи шоира кӣ таваллуд кард?

— Бешак, беҳтарин васфи модарро устод Лоиқ кардаанд ва басомонии худро аз сомони модар ёфтаанд. Бигзор дар аввал аз басомонтарин зани тоҷик мегуфтед?

— Бибизаҳро — модари Лоиқи азиз ва хушдомани азизи ман зане буданд, ки дар хоксорӣ касе ба он шахс баробар шуда наметавонист. Ҳеҷ гоҳ он кас дар ин фикр набуданд, ки модари як шахсиятанд. Ҳама вақт Лоиқ барои эшон як фарзанд, як наздиктарин шахс, як ғамхору ғамбардор буданд. Ба Бибизаҳро Лоиқ шоир не, фарзанд буд. Фурӯтании эшонро ин боз ҳам бештар нишон медод. Бисёр зани ҳалим ва бабардошт буданд. Касе аз дасти он кас озор намеёфт. Меҳмондӯст буданд ва ин мерос ба ҳамаи фарзандонашон расидааст, бахусус ба Лоиқ.

Инчунин модари Лоиқ бисёр оқила буданд ва зарбулмасалу мақолҳои зиёд медонистанд. Баъзан вақт агар Лоиқро илҳоми шоирӣ меомаду бо модар шоирона сухан мекарданд, модар меҳрубононаву ҳазломез мегуфтанд: «Ту фикр мекунӣ, ки ман нафаҳмидам? Ман мефаҳмам! Ҳамин туи шоира кӣ таваллуд кардагӣ? Ман-мӣ? Барои ҳамин, аз ту пеш ман мефаҳмам!».

Шеър ҷойи туя намегирад!

Устод дар шеъри «Дар сари гӯр» худ обу адо гашта, аз мактаббурданҳову қиссагӯиҳо, гуселониданҳо ва дасту дидагони он меҳрофар ҳикоят кардаанд. Дар аҷабам, рӯзгори модар чӣ гуна буд, ки ёдномаи шоир гаштааст?

— Ҳар гоҳ ки мо ба деҳа ба аёдаташон мерафтем, аввал ба гилагузорӣ сар мекарданд, чун модар мехостанд зуд-зуд фарзандашонро бинанд, ба оғӯш кашанд, бӯй кунанд, аммо Лоиқ, ки машғулияти зиёд доштанд, зиёд назди модар рафта наметавонистанд.

Ҳар гоҳ ки ба назди эшон мерафтем, аввалан «Э бачем, чанд вақт шуд наомадӣ? Куҷо шудӣ? Акнун ҳавот баланд шуд? Очая фаромӯш кардӣ?!», —  гӯён ба шикояту сарзаниш медаромаданд. Лоиқ механдидаду мегуфтанд: «Очаҷон, ба пеши почетон мурам, ба ҳамин номи хушрӯтон мурам, ман шумоя як лаҳза фаромӯш намекунам. Ина бинед, ман ба шумо чӣ қадар шеър навиштам». Баъд модар мегуфтанд: «Ина чӣ кор кунам?! Ин шеърҳо ҷои туя намегирад! Ҷои як «очаҷон» гуфтани туя ин шеърҳо намегирад! Ҷои як оғӯши мана ин шеърҳо намегирад!».

Лоиқ ин сафарҳои худро дар «Модарнома» ҷой кардаанд:

Ту ҳайрон мешавӣ, модар,

Ки ман, фарзанди ту ҳар сол як бор

Дурӯза меҳмонӣ мебиёям,

Пас аз сайру сафар аз шаҳрҳои номию зебо,

Харида баҳри ту савғо,

Ба пешат ҷомадонро мекушоям…

Акси охирини модар

 — Одатан мафҳуми «қиблагоҳ» ба падар равона мегардад, аммо устод дар «Катибае дар пушти вопасин акси мадарам…» онро хитоба ба модар қарор додаанд. Ин қолабшикании устодро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

— Модари чашминтизор… Онро вақте шодравон Муҳиддин Олимпур ба аёдати модари шоир мераванд, ҳангоми гусел аксбардорӣ мекунанд. Баъди чанд вақт Бибизаҳро даргузаштанд ва Муҳиддин онро чоп карда, ба Лоиқ доданду  вопасин акси модар шуд. Он акси даст пеши бари модар манбаи илҳоми Лоиқ гашт ва боиси эҷоди чандин шеър шуд, ки якеаш ҳамин «Катиба…» аст.  Ҳар вақт ки ба он менигаристанд, беихтиёр ашконашон сарозер мешуд.

Ин қолабшикании мегуфтаи шумо аз меҳру муҳаббати зиёди шоир аст. Ҳамин модар буд, ки аз падар беш ба Лоиқ хидмат кард, калон кард, хононд, оиладор кард, ба зиндагии мустақил равон кард ва фикр мекунам маҳз ҳамон дуоҳои модар буд, ки Лоиқ мани хешро ёфт.

Ожангҳои пурасрор

— Тасвирҳои реалӣ дар ашъори устод хеле зиёданд. Дар ин моваро рӯйҳои пурожангу мӯйҳои модари устод низ ба риштаи назм кашида шудааст…

— Дар ҳақиқат, фикр мекунам танҳо Лоиқ модарро ин гуна, реалӣ ба тасвир кашидааст. Бале, баъзеҳо фикр мекунанд, ки набояд Лоиқ аз мӯйҳои даққиву рӯи пурожанг ва дастони ларзони модар дар «Модарнома»-аш мегуфт. Аммо ин сӯзу гудози шоир аст. Ҳангоме ки шоир фурӯғи модарро не, хомӯшшавии шамъи ҳаёти модарро мебинад , дилаш  ба дард меояд, месӯзад.  Ӯ мегӯяд, эй мардум аз ҳоли модарҳо бохабар бошед, ки дер мешавад…

Модаре, ки Лоиқро ба дунё овард

— Ҳамчунин, устод аз «зиндагониҳои сабз»-и модар дар «Гумбади сабзи мазор…» қисса кардаанд ва бешубҳа яке аз он сабзаҳо худи Лоиқанд. Меваи ин дасти сабз боз чист?

— Воқеан, Лоиқро ҳангоми эҳсосот фаро гирифтан, аз худу модари худ ифтихор карда мегуфтанд, «Модари ман дар дунё коре кардааст, ки касе накардааст. Манро таваллуд кардааст, Лоиқро». Аммо бародари Лоиқ — Қори Шариф низ шикастабанди номдоранд. Дигарон ҳам ҳастанд, аммо Бибизаҳро гоҳ ба шӯхиву гоҳ ба ҷиддӣ мегуфтанд,  «ман 7 боғ бунёду обод кардаам, пас савоби ман бисёр аст».

Дар ҳақиқат, Бибизаҳро зани меҳнатӣ буданд. Ҳамон шеъри «Ба модарам» дуруст аст, ки он кас шабҳои дароз хоб надоштанд, ҳар чиз медӯхтанд, ресмон мерасиданд, шол мебофтанд… Вақте мо дар микрорайони 82-юм наврӯзгор будем, Бибизаҳро омаданд ва ба ошхона даромада диданд, ки як тарафи он гилем надорад. Баргаштанд ва дар як муддати кӯтоҳ шол бофта фиристоданд. Воқеан, мо дар ҳайрат будем, ки дар як нигоҳ чӣ гуна онро чен кардаанд, зеро он бекамиву костӣ баробари он холигӣ буд.

Хабари марг

— Нолишҳои устод ҳар ханандаро, ба гуфтаи худи эшон «обу адо» мекунаду аз ҷигари бирёни шоир дарак медиҳад. Воқеан, Лоиқ марги модарро чӣ гуна қабул карданд?

— Соли 1985 буд. Тақрибан соати 2 телефон шуд. Хабари марг. Марги Бибизаҳро. Худро ба зӯр ба даст гирифтам ва ҳайрон будам, ки инро чӣ гуна ба Лоиқ гӯям.

— Мардак, аз Колхозчиён занг…

— Очам мурд гӯ?!

Бо ҳамин тамом, ашки Лоиқ боз намеистад. Дар  микрорайони 82-юм дар мобайни хона нишастанду дар васфи модар гуфта, «очам» — гӯён гиристанд, ки ҳеҷ зан он гуна нолиш карда наметавонад. Дасту по хӯрдам. Намедонам чӣ кунам. Ҳеҷ гапи маро гӯш намекунанд. Ба устод Сорбон занг зада, вазъиятро гуфтам, аммо он кас ҳам худро гум карданду надонистанд чӣ кунанд. Баъд ба Ҷӯрабек Муродов занг задам, гуфтанд «ҳозир, шумо тайёр шавед, ман мошин гирифта меравам». Ба роҳ баромадем, бояд тариқи Ӯзбекистон ба Панҷакент мерафтем. Аммо Лоиқу гиря. Аз Душанбе то Колхозчиён Лоиқ қариб беист гиристанд. Бо вуҷуди ин ҳама, боз бар болои мурдаи модар бо як қувваи тоза чунон нола карданд, ки ҳамаро ба гиря водор сохт. Бениҳоят афсурдаву болупаршикаста шуданд. Марги модар марги аввали Лоиқ буд.

Суҳбатнигор

Меҳрофарин Наҷибӣ,

донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.