Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муҳофизи фурудгоҳи Душанбе худро парронд?

Як муҳофизи фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо номи Шерафган, соли таваллудаш 1982,  рӯзи 26 октябр, тахминан соати 14 дар ҷои кор худро аз силоҳи хидматӣ паррондааст.

Шерафган бар асари захми бардоштааш ҷон додаст. Дар як моҳи охир ин дуюмин муҳофизи фурудгоҳи Душанбе аст, ки бо марги ғайритабиӣ аз дунё меравад. Моҳи сентябр як муҳофизи дигари фурудгоҳ, ки аз бонк қарздор буд, худро дар хонаш овехта буд.Кормандони фурудгоҳи Душанбе мегӯянд, аз моҳи март маош нагирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳар рӯз аз фурудгоҳи Душанбе чандин парвози чартерӣ анҷом дода мешавад ва агарчӣ ҳавопаймоҳо ба Русия тақрибан холӣ парвоз мекунанд, аз он тараф пур бармегарданд. Ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ чиптаҳоро бо нархи ду баробар қимат мефурӯшанд.

Фурудгоҳҳои Тоҷикистон моҳи март бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баста шуданд.  Аз ин рӯ, кормандони фурудгоҳ намефаҳманд, ки чаро маъмурияти фурудгоҳ барои пардохти маоши онҳо пул намеёбад?

Хостем дар ин маврид аз сухангӯи Фурудгоҳи Душанбе Ҷамила Ҳусейнова оид ба ин масъала маълумот гирем. Мутаассифона, ӯ аз сабаби беморӣ ва набудан дар ҷои ҷои кор аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ намуд.

(Хабар такмил мешавад)

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj