“Муҳофиза”-корон духтари худкушро наҷот доданд

Ин ҳодиса дар наздикии бемористони «Истиқлол» рух дод

25 феврали соли равон тахминан соатҳои 21:00 кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавондухтари 24-сола О.Н истиқоматкунандаи ш. Душанберо ки мехост, худро дар дарёи Душанбе ғарқ намояд наҷот доданд.
Тавре муайян шуд, шаҳрванд О.Н. дар заминаи муноқишаи оилавӣ бо мақсади худкуши аз хона баромада ба назди дарёи Душанбе кучаи Соҳилии шаҳри Душанбе омада худро ғарқи оби дарё намудааст. Кормандони милитсия, ки дар қисмати қафои даромадгоҳи муассисаи давлатии тандурустии «Истиқлол» -и Вазорати тандурустӣ хизмат мебурданд сару садоҳоро шунида дарҳол ба ҷои ҳодиса рафта ба дохили дарё даромада ҷавондухтарро наҷот доданд.
Шаҳрванд О.Н дарҳол ба беморхона дастрас шуда ба муолиҷа фаро гирифта шуд ва дар айни ҳол саломатии шаҳрванд О.Н муътадил арзёби мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *