Муфтӣ кушта шуд

Абдул Самад Муҳаммадӣ, раиси Шӯрои уламои вилоят, ҳангоми таркиши минаи магнитӣ дар автомашинааш кушта шудааст.

Абдул Самад Муҳаммадӣ, раиси Шӯрои уламои вилояти Тахор нимаи дуюми дирӯз кушта шудааст.
Бино ба гузориши манбаъҳо, ин воқеаи нохуш, тақрибан соати 13.30 дар чорроҳаи дуввуми шаҳри Толуқон рух додааст..
Абдул Самад Муҳаммадӣ, раиси Шӯрои уламои вилоят, ҳангоми таркиши минаи магнитӣ дар автомашинааш кушта шудааст.Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиш се нафари дигар захмӣ шудаанд.
Инчунин «Тулӯъ Нюс» бо истинод ба сухангӯи полиси Балх Одилшоҳ Одил иттилоъ додааст, ки 31 март дар вулусволии Балхи ин вилоят бар асари таркиши мина ду ғайринизомӣ, аз ҷумла як кӯдак кушта ва 16 шаҳрванд, аз ҷумла се хизматчии низомӣ маҷрӯҳ шуданд.
Вай афзудааст, ки ин ҳодиса ҳангоми таркиши минаи дар ароба ҷойсозишуда дар маҳаллаи Бандари Кулфат, маркази вулусволии Балх рух дод.
Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон), масъулияти таркишҳоро ба дӯш нагирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *