Нотаи эътирозии Эрон ба Русия

Эрон ба Вазорати корҳои хориҷии Русия вобаста ба истифодаи номи «Халиҷи Арабистон» ба ҷои “Халиҷи Форс” нотаи эътирозӣ фиристод. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад. Истилоҳи «Халиҷи Форс» танҳо ва дар кишварҳои арабӣ ҳамчун «Халиҷи Араб» истифода мешавад. Эрон душмани геополитикии давлатҳои араб аст. Чанде қабл, дар Twitter,ки Вазорати корҳои хориҷии Русия ба забони арабӣ истифода мебарад,дар бораи мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Михаил Богданов ва сафири Ироқ Абдерраҳмон Ҳусейнӣ нашр шуда буд. Дар он ба ҷои “Халиҷи Форс” вожаи ба «Халиҷи Арабистон» навишта шуда буд. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Хатибзода гуфт, ки дар ин робита ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нотаи эътирозӣ фиристода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *