“Пиёдагард”- амалиёти навбатии БДА дар кишвар

Ронандагоне, ки ба пиёдагардон дар ҷойҳои муқарраргардида роҳ намедиҳанд ё пиёдагардоне, ки аз ҷойҳои муайян нагардида роҳро мегузаранд ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати БДА ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан пиёдагардон мерасонад, ки то 2-юми апрели соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Пиёдагард» идома меёбад.
Мақсад аз гузаронидани амалиёти пиёдагард ин пеш аз ҳама пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон, ошкор ва пешгирӣ намудани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз тарафи пиёдагардон ва ронандагон содир мешаванд.
Ронандагоне, ки ба пиёдагардон дар ҷойҳои муқарраргардида роҳ намедиҳанд ё пиёдагардоне, ки аз ҷойҳои муайян нагардида роҳро мегузаранд ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд.
Омили дигаре, ки дар ин самт тайи солҳои охир мушоҳида мешавад, бархе пиёдагардон ҳангоми убур намудани роҳи автомобилгард бо телефони мобилӣ суҳбат менамоянд ё аз гӯшмонакҳо истифода мебаранд, ки ин хавфи ҳодисаи нақлиётиро зиёд менамояд. Зеро ҳангоми истифодаи телефони мобилӣ пиёдагард ба суҳбат ё мусиқии телефон банд шуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро сарфи назар менамояд.
Аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд.
Талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар нагузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *