Президент ба “Мергани Сиёҳ” хонаи сеҳуҷрагӣ дод

Рӯзноманигор соли 2017 бори аввал бо гумони сарнагун сохтани сохти конститутсионии Узбекистон боздошт ва моҳи майи соли 2018 озод шуда буд.

Як рӯзноманигори узбекистонӣ Бобомурод Абдуллоев, ки чанде пеш аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба Тошканд истирдод шуда буд, аз номи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев соҳиби  хонаи сеҳуҷрагӣ шуд. «Рӯзи 8 сентябри соли ҷорӣ президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба ман хонаи нави сеҳуҷраӣ бо ҳамаи ҷиҳозаш дар маҷмаии истиқоматии «Green Park»-и шаҳри Тошканд тақдим кард. Мо рӯзи 5 октябр ба ин хона кӯчидем. Алҳамдулиллоҳ! Сипос ба президент Шавкат Мирзиёев! Худо аз вай розӣ бошад!», — навиштааст  рӯзноманигор дарс аҳифаи интернетиаш.Бобомурод Абдуллоевро ибтидои моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт ва рӯзи 22 август ба Узбекистон истирдод карданд. Вай рӯзи 22 август баъди бозпурсии ҳаштсоата аз сӯи мақомоти Узбекистон дар шаҳри Тошканд, озод шуд.Бобомуродов  ҳанӯз дар шаҳри Бишкек гуфта буд, ки ӯро дар навиштани мақолаҳои зиддиҳукуматӣ бо имзои мустаори «Қора Мерган» (Мергани Сиёҳ) айбдор мекунанд.Абдуллоев ин айбро рад карда буд.Ин рӯзноманигор дар соли 2017 бори аввал бо гумони сарнагун сохтани сохти конститутсионии Узбекистон боздошт ва моҳи майи соли 2018 озод шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *