Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президент дар бораи хизмати пулакӣ гуфт

Президенти Тоҷикистон, дар солгарди рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи кишвар бархе аз навгониҳои хидмати ҳарбӣ, аз ҷумла хизмати пулакӣ дар ҳайати захиравиро шарҳ дод
Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи артиши миллӣ хотиррасон кард, ки чанд чанд рӯз пештар қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар таҳрири нав қабул гардида, ба бархе қонунҳои дигар тағйирот ворид шуд.
Президент ҳадафи ин навгониҳоро ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ барои мудофиаи давлат омода кардани шумораи бештари ҷавонон гуфт.
“Ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст”, — гуфт Эмомал ӣ Раҳмон

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.