Президенти Тоҷикистон бори ҳафтум мусулмони таъсиргузор шуд

Рейтинги таъсирузортарин мусалмонони ҷаҳон, ахиран нашр шуд, ки раисиҷумҳури кишвар бори ҳафтум шомили он гаштааст.

Исми Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2012 ва номи Саидмукаррам Абдулқодирзода бошад аз соли 2015 ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор роҳ ёфтаанд.

Дар сархати ин феҳрист дар соли ҷорӣ амири Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ қарор дорад. Пас аз ӯ шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдул-Азиз ва Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.

Ба панҷгонаи аввал ҳамзамон президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ, ки яке аз олимони машҳури ислом мебошад, шомил шудаанд.

Ба TOP-50 инчунин , шоҳ Муҳаммади VI подшоҳи Марокаш, сарвазири Покистон Имрон Хон, валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон, футболбози мисрии клуби англисии Ливерпул Муҳаммад Салоҳ ва ҳамзамон раҳбари гуруҳи террористии «Толибон»(Дар Тоҷикистон мамнӯъ) Ҳайбатулло Охунзода низ шомил шудаанд

Ҳамзамон президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Туркманистон — Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров, муфтии Ӯзбекистон Усмон Алимов низ ба ин феҳраст шомил шудаанд.

TOP-500 аз бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон сар аз соли 2009 ҳамасола нашр мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.