Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Раҳимзода дар Теҳрон бо Аштарӣ паймон кард

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Теҳрони Эрон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сардори Маркази полиси Эрон Сардор Ҳусейн Аштарӣ баргузор гардид, ки масоили ҳамкориҳои минбаъадаро баррасӣ карданд

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохила, зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.
“Дар ин вохӯрӣ вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштарак пешниҳод гардид, ки Намояндагии полиси Эрон дар Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Эрон боз карда шавад”, – иттилоъ додааст манбаъ.

Зикр шудааст, ки дар робита ба ин самтҳои фаъолияти ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ, кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, ҳамкориҳо дар доираи Бюрои марказии миллии “Интерпол” ва ташхиси криминалистӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал Раҳимзода Рамазон аз фаъолияти Нерӯҳои вижаи интизомии Эрон шиносоӣ пайдо карда, аз Намоишгоҳи техникаю таҷҳизоти ҳарбии ин ниҳод, аз қабили яроқу аслиҳа ва техникаҳои вазнини ҷангӣ дидан кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.