Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Раису муовинонаш бо ҷурми пулситонӣ аз мансаб барканор шуданд

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, раиси бахши марзбонии гузаргоҳи “Фотеҳобод” (“Ойбек”) дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон ва муовинонаш аз мансаб барканор шудаанд.

Мақомот ба таври расмӣ масъаларо шарҳ надоданд. Аммо тағйироти кадрӣ дар пайи шикоятҳои пайиҳами мусофирон аз “ҳақситонӣ” дар гузаргоҳ сурат мегирад. Ду ҳафта пеш навори шикваи мусофиронро нашру пахш кард ва даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба он вокунишу ҳамовозӣ намуданд.

Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми август гуфт, ҳоло подполковник Боймурод Абдулҳамидов ба ҷойи Олим Сатторов раиси бахши марзбонии гузаргоҳи “Фотеҳобод” таъин шудааст. Ӯ то ин дам раёсати гузаргоҳи “Гулистон” дар Исфара, ҳаммарз бо Қирғизистонро ба уҳда дошт.
“Тағйироти кадрӣ ҳафтаи гузашта анҷом шуд. Ҳоло раҳбари нав бо ду ноиби худ ба кор шуруъ кардааст”, — афзуд манбаъ.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол сабаби тағйирот дар “Фотеҳобод”, гузаргоҳи муҳим бо Узбекистонро нагуфтаанд. Талошҳои мо низ барои гирифтани шарҳи расмӣ то ин дам натиҷа надод.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.