Рудакӣ Синою Фирдавсиро калон кард, Сомонӣ аз ҳама хурд…

Масоҳати шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ васеъ шуда, аз 126,6 ҳазор километри мураббаъ то 203,2 километри мураббаъ афзудааст

Дар пайи тағйироти сарҳади ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе масоҳати ноҳияи Сино ба 62,24 километри мураббаъ баробар шуд. Ноҳияи мазкур калонтарин дар пойтахт ба шумор меравад.
Пас аз Сино ноҳияи Фирдавсӣ қарор дорад, ки баъди тақсимоти нави ҳудудӣ, масоҳаташ ба 54,48 километри мураббаъ баробар шуд.
Ноҳияи сеюми пойтахт аз рӯи масоҳат Шоҳмансур аст, ки масоҳаташ 48,86 километри мураббаъро ташкил медиҳад.
Хурдтарин ноҳияи пойтахт Исмоили Сомонист, ки 37,59 километри мураббаъ масоҳат дорад.
Давоми як соли охир масоҳати шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ васеъ шуда, аз 126,6 ҳазор километри мураббаъ то 203,2 километри мураббаъ афзудааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *