Русҳо актёр ва навозандаи солро эълон карданд

Русҳо актёр, навозанда ва нависандаи соли 2021-ро эълон карданд. Натоиҷи таҳқиқотро ба РИА «Новости» раҳбари Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори ҷамъиятӣ Валерий Федоров пешниҳод кардааст.

Марҳум Александр Градский мусиқачии сол эътироф шудааст. 9 дарсади пурсидашудагон ба тарафдории ӯ овоз додаанд.

Дар ҷои дуввум дар феҳрист Филипп Киркоров бо чаҳор дарсад овоз қарор гирифтааст. Дар пайи ӯ Полина Гагарина ва Денис Матсуев қарор гирифта, се дарсад ба тарафдории онҳо раъй додаанд. Николай Басков ва Моргенштерн бо дуфоизй дар панҷгонаи аввал мақом доранд.

Дар рейтинги маъруфияти актёрон Константин Хабенский пешсаф аст, ки чор дарсади пурсидашудагон ба ӯ овоз додаанд.

Имсол ҳамагӣ се нависанда беш аз дударсадӣ овоз гирифтаанд: Александр Пушкин, Захар Прилепин ва Виктор Пелевин.

Гуфта мешавад, ки ин назарсанҷӣ моҳи декабр анҷом шуда, Дар он 1,6 ҳазор нафар русҳои аз 18-сола боло иштирок кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *