Садамаи маргбор Гулнораи 25 соларо даррабуд

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, садамаи маргбор 8-уми август, тахминан соати 04:30 дақиқа дар ҷамоати Ҳамрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дод.

Манбаъ шарҳ дод, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Лабо”, Баракаев Шокирҷон, сокини 21-солаи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд — Чанноқ, дар километри 326-ум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромадааст.

Дар натиҷа мошини таҳти идораи ронандаи 21-сола ба автомашинаи тамғаи “Камаз”, ки дар канори чапи роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст. Аз соҳиби “Камаз” Хоҷазода Комилҷон Мирзоназар, сокини 31-солаи ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ном бурда шуда, таъкид гардидааст, ки дар лаҳзаи садама мошини боркаш беҳаракат будааст.

Ба иттилои ВУД дар пайи бархӯрд, мусофири автомашинаи тамғаи “Дэу-Лабо”, Соҳибова Гулнора, сокини 25-солаи шаҳри Хуҷанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ бо нашри навор аз ҷои ҳодиса сабаби эҳтимолии садамаро ҳаракат бо суръати баланд хондааст. Бархӯрд ба ҳадде шадид будааст, ки берун намудани одамон аз мошин танҳо бо ҷалби имдодгарон даст додаст.

КҲФ афзуд, ки ронандаи автомашинаи “Деу – Лабо” ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ карда шуд.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *