Санаи Иди Қурбон аниқ шуд. Намози ид баргузор мешавад?

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки дар асоси моҳшумории исломӣ Иди Қурбон имсол ба рӯзи 20-уми июл рост меояд. 

«Имрӯз дар тамоми олами ислом рӯзи 1-уми моҳи зулҳиҷҷа аст. Агар имрӯз якуми зулҳиҷҷа аст, пас ҳатман рӯзи 20-уми июл рӯзи иди Қурбон аст.»,-гуфт муфтии Тоҷикистон.

Соли гузашта Иди Қурбон дар Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус бидуни намози дастаҷамъӣ баргузор шуда буд. Барои баргузории намози дастаҷамъона дар Иди Рамазон дар 13-уми моҳи майи имсол мақомот иҷозат дода буданд. Он замон мақомот мегуфтанд, ки дар кишвар коронавирус нест, вале ҳоло ба гуфтаи сокинон ва мақомот, сироят ба коронавирус дар кишвар афзоиш ёфтааст.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодӣ” гуфтааст, ки барои баргузории намози дастаҷамъии Иди Қурбон мунтазири тавсияи Ситоди муқобила бо коронавирус ҳастанд.

«Ҳоло ягон қароре нест. Бо риояи қоидаҳои беҳдоштиву фосилаи иҷтимоӣ ва риояи таъкидҳои Вазорати тандурустӣ дар масҷидҳо намозҳо баргузор шуда истодааст. Ҳоло дар бораи баргузории Иди Қурбон аз вазорат хабаре дастрас накардаем. Мабодо, Худое накарда, агар Вазорати тандурустӣ гӯяд, ки хатар аст ва дастаҷамъона баргузор накунед, мо ҳамчун мусалмон гуфтаи мутахассиси соҳаро ба назар мегирем. Дар дини мо ҳам гуфта шудааст, ки шумо ба гуфтаи мутахассиси соҳа амал кунед»,-гуфт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *