Сейфи “Рахшро” дуздиданд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ғорат шудани маркази букмерии «Рахш» дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса чор рӯз пеш рух додаву гумонбар дастгир шудааст.

Манбаъ менависад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 17-уми августи соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба идораи букмерии “Рахш”, воқеъ дар рӯ ба рӯӣ бозорчаи Зарафшон даромада аз он ҷо 1-адад сандуқи оҳанин (сейф)- ро рабудааст.

Маркази букмерӣ ки ба ҶСП “Миллодиён” тааллуқ доштааст.
Тибқи иттилои ВКД, маблағи дохили сандуқ 5 ҳазору 860-сомонӣ буда, зарари расонидашуда 6 ҳазору 960-сомониро ташкил додааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *