Сел дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ

Имрӯз соати 13:30 баъди борони шадиде, ки тули 1.5 соат беист меборид дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ сел омад, ба воситаи телефон итилоъ дод сокини деҳаи мазкур Сайидакбар Боқиев.
Бино ба иттилои ӯ Сел чунон бадвоҳима буд, ки оби дарё аз соҳилҳояш баромада буд. Ва сел бо худ дарахту чӯбу сангу хоки биёре овард. Дар натиҷаи сел роҳои мошинагарди деҳа ва чандин қитъаҳои замини дар соҳили дарё буда осеб дидаанд. Доир ба ҳаҷми хисорот алҳол маълумоте нест. Ӯ меафзояд, ки аз эҳтимол дур нест, ки дар деҳаи Дарғ низ сел омада бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *