Шералиро барои таҳқири шоира ҳабс карданд

Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Душанбе Шералӣ Кенҷаеви 30-сола сокини пойтахтро барои дағалгуфторӣ ва суханҳои қабеҳ ба шоира Адибаи Азиз  ҳабс кардааст

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Шералӣ Кенҷаев дар пайи шикояти Адибаи Азиз боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шоира ба РВКД шикоят бурдас ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел” санаи 18-уми ноябри соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи Анзоби ноҳияи И. Сомонӣ карор доштанаш дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст. Дар пайи ин шикоят маъмурини пулис , Шералӣ Кенҷаевро боздошт кардаанд, ки қаблан бо моддаи 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда будааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Шералӣ Кенҷаев барои кирдорҳои майдаавбошона бо моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори додгоҳ ба ӯ 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *