Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Ҳиндустон форум доир мекунанд

Ояндаи наздик Форуми ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар шакли маҷозӣ доир мешавад. Ин тасмим дар суҳбати  Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва  Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ гирифта шудааст.

Тавре ки аз Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бахши сайёҳӣ матраҳ гардида, атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт. “Сафири Ҳиндустон ҳавасмандии кишварашро барои тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ,  кӯҳнавардию солимгардонӣ изҳор намуд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Таъкид гардидааст, ки ду кишвари дӯстро аз қаъри асрҳо фарҳангу анъанаҳои муштарак бо ҳам пайваст менамоянд. Ба роҳ мондани омӯзиши мутахассисони тоҷик дар самти идоракунӣ, технологияи иттилоотӣ, рушди соҳибкорӣ ва сайёҳӣ идомаи равобити муштараки илмию фарҳангии Тоҷикистон ва Ҳиндустон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75

Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *