Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Содир Ҷабборов -президенти ояндаи Қирғизистон

Баъди шуморидани 96 фоизи баргаҳои овоздиҳӣ дар интихоботи президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов бо беш аз 79 фоизи овозҳо пешсаф

аст. Номзади мухолифин Адахон Мадумаров бо ҳамагӣ 6,58; дар ҷои дуюм буда, Бобирҷон Толбоев бо 2,28% дар зинаи сеюм ҷой гирифтааст. Барои иштирок дар интихоботи президенти Қирғизистон 17 номзад вориди рақобат шуда буд. Содир Ҷабборови 42-сола ҳамагӣ се моҳ пеш тавассути эътирозгарон аз маҳбас озод шуд ва билофосила ба курсии сарвазир нишаст, вале дар давраи интихобот аз иҷрои вазифаи раиси ҳукумат муваққатан канор рафт.
Рӯзи 10 январ дар Қирғизистон ҳамроҳ бо интихоботи президент референдум дар бораи шакли ояндаи давлатдории ин кишвар низ доир шуд. Бар асоси шумориши 73 фоизи овозҳо, аксарият (83,1%) аз шакли идораи президентӣ ва ҳамагӣ 10,6% аз шакли идораи парлумонӣ пуштибонӣ кардаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.