Суд Абу Валаро 10,5 сол равонаи зиндон кард

Суди Олмон як рӯҳонии ироқиро барои раҳбарии амалӣ ба гурӯҳи ҷангии ДОИШ ба 10,5 соли зиндон маҳкум кард. Аҳмад Абдулазиз Абдуллоҳ, ки инчунин бо лақаби Абу Вала маъруф будааст, барои роҳбарии гурӯҳи ҷиҳодие гунаҳгор шуд, ки ҷавонҳои аврупоиро ифротгаро ва барои сафари онҳо аз Ироқ то Сурия мусоидат мекард. Суди шаҳри шимолии Селлеи Олмон Абдуллоҳи 37-соларо узви як созмони террористӣ номид, ки ба маблағгузории терроризм машғул ва дар талоши анҷоми амалҳои хушунатзо буд. То замони баста шуданаш Абдуллоҳ имоми масҷиде дар шаҳри Ҳилдершейми Олмон буд ва дар ин мақом бо ҷалби афроди тарафдори ақидаҳои ифротӣ машғул буд. Се ҳамҷавобгари дигари ӯ дар судба мӯҳлати то 8 соли зиндон маҳкум шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *