Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тағою ҷиян Ҳурнисоро дуздиданд

Самандар ва тағояш танҳо баъди ду рӯз дар пайи исрори кормандони милиса ва зориву илтиҷои волидони духтар Ҳурнисоро ба хонаашон баргардондаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рашт қазияи дуздидани як духтари ноболиғ аз деҳаи Яшмро таҳқиқ мекунанд. Соати яки шаби 9 октябр ду сокини Яшм – Самандар Ҳамидови 36-сола ва тағояш Малик Муродов хонандаи синфи 11 Ҳурнисо Назриеваро аз хонаашон бароварда, ба мошини худ шинондаанд ва ба Душанбе бурдаанд. Духтарро танҳо баъди ду рӯз ба соҳибонаш баргардондаанд. Ҳоло наздикони Ҳурнисо аз додситонӣ талаб доранд, то духтардуздонро ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашонанд.

Сокинони деҳаи Яшми ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт мегӯянд, ахиран дар ин деҳа шоҳиди ҳодисаи нодири духтардуздӣ шудаанд.

Ба нақли онҳо ҳодиса чунин сурат гирифтааст:

Тахминан соати яки шаби 9 октябр, сокини 36-солаи Яшм Ҳамидов Самандар Сайдаҳрорович ва тағояш Муродов Малик Кишварович бо маслиҳати пешакӣ ба боварии хонандаи синфи 11 Назриева Ҳурниссо Нуралиевна, ки ҳамагӣ 17 сол дорад, даромада, ӯро аз хонаашон ба берун даъват мекунанд ва Самандар бо ваъдаи инки дар Душанбе хона дорад ва вайро ба занӣ мегирад, духтарро медузданд ва ба мошинашон шинонда, ба Душанбе мебаранд.

Модари духтар аз гум шудани духтараш хабар ёфта, ба мақомоти милиса муроҷиат кардааст.

Самандар солҳои тӯлонӣ дар Русия буд, ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш, дар Русия зану фарзанд дошт, вале ҳоло ба Ватан баргашта, дар инҷо дар фикри издивоҷ шудааст.

Самандар ва тағояш танҳо баъди ду рӯз дар пайи исрори кормандони милиса ва зориву илтиҷои волидони духтар Ҳурнисоро ба хонаашон баргардондаанд.

Аммо Ёрмаҳмад Назриев, бародари Ҳурнисо, аз додситони ноҳияи Рашт Абдурашид Кишварзода хостааст, ки ин қазияро мӯшикофона таҳқиқ кунанд ва духтардуздонро барои рабудани духтари ноболиғ ба ҷавобгарӣ бикашонанд. Наздикони духтар бар инанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин қазияро бо дили нохоҳам тафтиш карда истодаанд ва аз ҷумла ба ин фарзияи тарафи муқобил такя мекунанд, ки гӯё Ҳурнисо бо хоҳиши худаш бо Самандар ва тағои ӯ рафтааст ва касе ӯро зӯран ё маҷбуран ба мошин нашинондааст.

Ин нахустин чунин моҷаро байни ин ду авлод дар Яшм нест. Ба гуфтаи сокинон, дар соли 2006 Назриевҳо Малик Муродов, тағои Самандарро, ки он вақт дар мактаби деҳа муаллим буд, ба таҷовуз ба номуси апаи Ҳурнисо айбдор карда буданд. Апаи Ҳурнисо он вақт дар синфи 7-ум мехонд. Вале 14 сол пеш он парвандаи таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ нотамом боқӣ монд ва касе ба ҷавобгарӣ кашонда нашуд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.