Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тақвими рӯз: Аз 10 миллион халта орд то аввалин унвони Тайсон

Дар ҳамин рӯзи соли 2010 дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалта ба кор дароварда шуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта барои гирифтани орд, ғалла, намак ва дигар ашёи рӯзгор истеҳсол намояд.

Соли 2010 ФИФА рӯйхати нави раддабандии худро нашр намуд. Дар раддабандии мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон  20 зина боло рафта, беҳтарин ҳисобида шуд ва мақоми 128-умро ишғол кард.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки  навбатии ҳайатҳои ҳукуматии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Соли 1987 боксёри машҳури америкоӣ Майк Тайсон аввалин маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард.

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон ба имзо расониданд, ки тибқи он Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» тағйири ном кард.

Соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта қабул гардид.

Соли 1991 дар Латвия ва Эстония  раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он аксарияти аҳолӣ барои баромадан аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд.

Соли 1842 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон қонун дар бораи танзими меҳнати кӯдакон қабул карда шуд.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар ин рӯз як қатор шахсиятҳо зодрӯз доранд. Аз ҷумла:

Соли 1875 — нависандаи тоҷик,равшанфикр ва рӯзноманигор Маҳмудхоҷа  Беҳбудӣ.

Соли 1936 — рӯзноманигор Тулфор Қадамов.

Соли 1947 — доктори илмҳои биологӣ Сафарбек Раҳимов.

Соли 1949 — ҳофиз, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Дона Баҳромов.

Соли 1957 – рӯзноманигор Хуринисо Ализода.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.